Ссылки доступа

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо айби узвият дар "Ҳизб ут-Таҳрир" 7 сол зиндонӣ шуд


Ҳайдаралӣ Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи додгоҳе дар Русия бо айби узвият дар "Ҳизб ут-Таҳрир" 7 сол зиндонӣ шуд.

Бино ба иттилои додгоҳ, ин шаҳрванд 21 апрели соли 2020 барои шомил шудан ба "Ҳизб ут-Таҳрир", ки фаъолияташ дар Русия мамнуъ аст, омодагӣ дидааст. Вай бо ин ҳадаф идеологияи ҳаракатро омӯхта, соли 2021 аз узви пешини "Ҳизб ут-Таҳрир" хостааст, барои шомил шудани вай мусоидат кунад.

"Аз 26 апрел то 23 августи соли 2020 Ашӯров дар Ростови лаби Дон ҷамъомадҳо ташкил карда, дар бораи фаъолияти созмонҳои террористӣ ба таври мусбат суҳбат кардааст", - хабар медиҳанд мақомоти додгоҳии Русия.

Моҳи июни соли 2020 мақомоти Русия дар Ростови лаби Дон 13 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро бо гумони узвият дар "Ҳизб ут-Таҳрир" боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG